Падари бародарон Исломовҳо - Исроил Исломов, ки мақомоти тафтишот ӯро ҳамроҳи писаронаш дар ҳамдастӣ бо ҳамлагарон ба “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 март гумонбар медонад, аз болои қарори ҳабси худ шикоят бурд. Дар ин бора ба РИА Новости аз дафтари матбуоти Додгоҳи Басманнии Маскав хабар додаанд.
Пеш аз ин писари ӯ Аминҷон Исломов аз болои қарори ба ҳабс гирифтани худ шикоят бурда буд. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” иттилоъ дода буд.
Хабаргузорӣ менависад, шикояти апеллятсиноии Аминҷон Исломов дар додгоҳ ба қайд гирифта шуда, лекин ҳоло маълум нест, ки он кай баррасӣ мешавад.
Исроил Исломов ва 2 писари ӯ - Диловар ва Аминҷон рӯзи 25 март ба гумони даст доштан дар ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” боздошт шуданд. Бо қарори додгоҳ, ба онҳо ба муҳлати ду моҳ ҳабси пешакӣ таъин шуд.
Ин ҳар се нафар шаҳрвандони Русия мебошанд. Диловар Исломов молики автомашинаи “Рено” буда, чанде пеш то амали террористӣ онро ба яке аз иҷрокунандагони эҳтимолии ҳамла фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол, ҳуҷҷатҳо ба автомашина ба расмият дароварда нашудаанд.
Ҳар се нафар Исломовҳо айбро эътироф намекунанд ва иддаъо доранд, ки аз омодагӣ ба амали террористӣ огаҳӣ надоштанд.
Назари мақомоти тафтишот дигар аст. Тибқи фарзияи он, падару писаронаш ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша шомил буда, ба аъзои дигари он кумак мекардаанд. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки Аминҷон Исломов аввалин шуда барои омодагӣ ба амали террористӣ ҷалб гардидааст.
Тавре ки нашрияи “Коммерсантъ” бо истинод ба мақомоти тафтишот менависад, бародарон маълумот ҷамъоварӣ намуда, ҳамлагарони ояндаро дар хонаи худ ҷой додаанд ва сипас онҳоро бо нақлиёт таъин кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои соати 20:00 (вақти Маскав)-и рӯзи 22 март пеш аз консерти гурӯҳи роки “Пикник” дар толори “Крокус Сити Холл” шахсони номаълум вориди толор шуда, ба тирпаронӣ оғоз намуданд ва биноро оташ заданд. Оташ майдони ҳудуди 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, толори консертӣ пурра ба коми оташ рафт ва боми он ба пойин фурӯ рехт.
Бино ба маълумоти расмӣ дар ин бора, бар асари ин амали террористӣ 143 нафар ҳалок шуда, 182 кас осеб диданд.