Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд.
Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандаону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард.
Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ин маълумотро «овозаи бардурӯғ» хонда, қайд карданд, ки «барои ҳабси ҳама гуна инсон қарори суд лозим аст, ки онро дар муддати як рӯз дарёфт кардан қариб ғайриимкон аст».
Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, рӯзи 20 сентябр Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights гуфтааст, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Як рӯз пеш Стив Свердлов ксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт. Дар акс дида мешавад, ки дар аксия ҳудуди 20 нафар фаъолон ширкат варзида, сарулибос (футболка) бо тасвири ҳабсшудагон ва навиштаҷоти «озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ»-ро дар бар доранд. Фаъолон назди яке аз деворҳои толор саф кашида, ба суханрониҳо халал эҷод намекунанд.



