Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додаст, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми март дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ якбора ҳаво ноустувор шуда, борону барф меборад.
Ин ниҳод илова кардааст, ки нимаи дуюми рӯзи 10-уми март дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ борону барф борида, баландии қабати барф дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Рашт, Сангвор, Лахш, Варзоб, Ишкошим ва Шуғнон ба 10 - 30 см мерасад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои доманакӯҳии Файзобод, Ховалинг, Мӯъминобод, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон ва Истаравшан баландии қабати барф ба 3 - 10 см мерасад.
Ба иттилои Оҷонсӣ, рӯзҳои 10 ва 11-уми март дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Анзобу Шаҳристон хавфи тармафароӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои доманакӯҳии Панҷакент, Айнӣ, Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Дар идома ин ниҳод изҳор доштааст, ки имрӯз ба далели боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
"Ҳарорати ҳаво дар ин давра чунин пешгӯӣ мешавад: дар водиҳо шабона –4+1°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2–7° хунук, рӯзона –1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7–12° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то –4+1°, рӯзона аз 0–5° хунук то 2+4° гарм", - гуфтааст ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми март ба далели ноустувории вазъи ҳаво, бад шудани ҳолати роҳҳои мошингард, коҳишёбии дурии биниш ҳангоми боришот ва фаромадани тормеғ, яхбандӣ ва мушкилоти муваққатӣ дар фаъолияти соҳаи нақлиёту хидматрасониҳои шаҳрӣ дар назар аст.
Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ гуфта буд, ки ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон гарм шуда, вале боришот аз меъёр зиёд мешавад. Дар рӯзҳои ҷудогонаи моҳ, ҳатто раъду барқ ва боридаи жола дар назар аст. Дар моҳи март чӣ гуна ҳаво пешгӯи мешаад, дар ин маводи мо хонед: Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?





Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон
Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
“Ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”. Вокуниши пайвандони 4 маҳкумшудаи асосии ҳамла ба “Крокус” ба ҳукми додгоҳ
Исроил мегӯяд, Исмоил Хатибро ҳам куштааст. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва таниш дар Ховари Миёна
Кадом бозорҳои Душанбе ва чанд рӯз дар ҷашни Наврӯз кор намекунанд?
Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?
“Отахон Латифӣ намехост давлат исломӣ шавад ва то охири умр коммунист боқӣ монд!”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста