Минбаъд бе назардошти нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр, ягон сотих қитъаи замин барои сохтмон ҷудо карда намешавад, изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ и.в. раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода.

“Оянда қитъаҳои замин танҳо дар доираи нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳр бо риояи ҳамаи талаботи барои он пешниҳодгардида ҷудо карда мешавад, - шарҳ дод ӯ. - Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар байни хонаҳои баландошёна барои сохтмони манзилҳои наву марказҳои савдо ва дигар иншоот қитъаи замин ҷудо карда нашавад”.

Ба гуфтаи ӯ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ байни хонаҳои баландошёна 100 майдони варзишӣ бунёд гардида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти варзишӣ ва дигар лавозимоти зарурии ширкати ватании “Арча мебел” таъмин карда хоҳанд шуд.

Asia-Plus

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон бобати суистифода дар мавриди ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон, раиси Хуҷанд қайд кард, ки соли 2020 аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳр 20 қарори ғайриқонунии марбут ба ин масъала бекор шудаанд.

“Тавре ки ман пештар қайд кардам, минбаъд замин танҳо бо назардошти нақшаи генералӣ ҷудо мешавад”, - афзуд Фирдавс Шарифзода.

Қобили зикр аст, ки ахиран арзу шикояти шаҳрвандон ба мақомоти ҳукумат ва навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба сохтмони манзилҳои наву марказҳои савдо ва дигар иншоот байни хонаҳои баландошёна бидуни риояи масофа тибқи меъёр зиёд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.