Чорабиниҳои идона ба муносибати ҷашни Наврӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ аз рӯзи 21 март оғоз меёбанд.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, субҳи 21 март соати 09:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», Боғи фарҳангию фароғатии «Пойтахт», Боғи ба номи С.Айнӣ ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертӣ ва маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки устодони санъат баргузор мегарданд.

Гуфта мешавад, шоми ҳамон рӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт намоиши бошукӯҳи театрикунонидашудаи Наврӯзӣ манзури сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мешавад. Дар анҷоми чорабинӣ мушакпарронии бардавом аз 7 бурҷи шаҳр дар назар аст.

Чорабинии асосии сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти мамлакат ва меҳмонони воломақом рӯзии 22 март дар шаҳри Турсунзода доир мегардад.