Қурбонмурод Тағоев, сокини деҳаи Яғноби ноҳияи Айнӣ бо иттиҳоми “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” боздошт ва бар зиддаш парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Дар ин бора дар барномаи “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад.
Ба гуфтаи манбаъ, Қурбонмурод Тағоев мактаби миёнаро то синфи 4-ум хондааст ва дигар таҳсилоти расмии динӣ нагирифтааст. Гуфта мешавад, ки шуғли асосиаш ҳам чӯпонӣ мебошад.
“Тағоев Қурбонмурод худро муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, бо истифода аз дини мубини ислом ҳамчун ниқоб дар манзили зисти худ ва манзилҳои корафтодагон бо роҳи макру фиреб дуохониву ҷинбарорӣ ва бахткушоӣ карда, маблағи пулӣ ба даст меовардааст”, - гуфта мешавад дар “Ахбори ВКД”.
Ғайр аз ин, манбаъ меафзояд, ки гумонбаршуда “нисбати занони корафтода кирдорҳои бадахлоқона анҷом медодааст”.
Дар рафти тафтишот аз ҷайби Қурбонмурод Тағоев се китобчаи динӣ дарёфт гардидааст, ки аз рӯи он дуохониву ҷинбарорӣ мекардааст.
Қурбонмурод Тағоев дар гузориши “Ахбори ВКД” тасдиқ кард, ки ба дуохонӣ машғул мешудааст ва таъкид мекунад, “дар Қурони маҷид сеҳру ҷоду ҳаром гардидааст ва ман дигар ба ин кор машғул намешавам”.
Дар барномаи “Ахбори ВКД” бо кадом модда айбдор шудани Қурбонмурод Тағоев зикр намешавад, вале аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гумонбаршуда дар асоси моддаи 482, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) айбдор ва бо бардохти ҷарима озод шудааст.
Ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2 ҳазору 880 то 3 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима таъйин кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки вақтҳои охир амалиёти боздошти соҳирону ҷодугарону фолбинон дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Қаблан қариб 70 нафар ҷодугарону фолбинон дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.
Бояд гуфт, ки парлумони кишвар зимни ҷаласае, ки рӯзи 8‑уми май баргузор шуд, тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар мавриди пурзӯр кардани ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро қабул кард.
Ёдовар мешавем ки ин аввалин чораи давлат дар мубориза бо ҷодугарон ва фолбинҳо нест. Моҳи апрели соли равон Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста