Соҳаҳои сохтмон ва саноати Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон, Якутия) барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳоҷирати корӣ ба ин ҷо меоянд, дастнорас мешавад. Мақомоти маъмурии ин ҷумҳурӣ дастури навбатӣ дар бораи маҳдуд кардани ҷалби қувваи кории хориҷиро омода мекунад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии НВК Саха.

Моҳи марти соли ҷорӣ роҳбари Ёқутистон Егор Борисов нахустин чунин ҳуҷҷатро ба имзо расонид. Дар он фаъолияти муҳоҷирон дар бахшҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёту савдо, амалиёт бо амволи ғайриманқул, моҳидорӣ ва обчакорӣ манъ мешавад. Аммо ин манъкунӣ чандон бузургмиқёс набуд. Дар ҳамин ҳол, доир ба кай қабул шудани ин дастур маълумот дода намешавад.

Тибқи маълумоти шуъба оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии Раёсати масоили муҳоҷирати ВКД дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон), дар бахши сохтмон асосан шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон машғули коранд.

Шумори тахимнии онҳо ба сурати умум 3000 нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 1,5 ҳазор нафарашон - шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Онҳо аз рӯи патент кор мекунанд. Дар соҳаи саноат бошад, асосан шаҳрвандони Украина кор мекунанд. «Ҳам дастуру аввалу ҳам дастури баъдӣ бояд аз бозори миллӣ ҳимоя карда, ба коҳиши сатҳи бекорӣ мусоидат намоянд», - мутмаинанд дар Ёқутистон.

Худи роҳбари Ҷумҳурии Саха дар ин хусус ҳанӯз пеш аз 22 ноябр зимни суханронӣ назди вакилони парлумон ва аъзои ҳукумати изҳори назар карда буд. Ҳангоми суханронӣ ӯ соли 2018-ро Соли мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) эълон кард.

«Тайи се соли ахир шумори муҳоҷирони кории хориҷӣ афзуд ва ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки сабаби аслии он на ба норасоии қувваи корӣ, балки ба хоҳиши роҳбарони корхонаҳои мо ҷиҳати сарфа аз музди меҳнат ва бастаҳои имтиёзи иҷтимоӣ барои кормандон марбут аст. Дар ҳамин ҳол, ҳамзамон дар мақомоти хадамоти шуғл сокинони бекори ҷумҳурӣ сабтином шудаанд, ки дар ҳамин бахшҳо кор ҷустуҷӯ доранд», - изхор дошт ӯ ва илова намуд, ки коҳиши сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии дастур аст.

Бино ба маълумоти хадамоти минтақавии шуғл, имрӯз дар Ёқутистон беш аз 30 ҳазор нафар бекор шуморида мешаванд, ки ҳамагӣ наздики 10 ҳазор нафари онҳо дар қайди бекорон сабтином шудаанд.

Нашрия менависад, дар майдони сохтмон намояндагони аҳолии маҳаллӣ камтар вохӯрда, ба эҳтимоли қавӣ бештар шаҳрвандони хориҷӣ ба мушоҳида мерасанд. Танҳо давми ҳамин сол ширкатҳо ба кори навъҳои мухталиф ҳудуди 2 ҳазор нафар муҳоҷиронро ҷалб кардаанд. Дар ниҳоди соҳавӣ гуфтаанд, бо қабули қоидаҳои нав мушкилот рӯйи кор омада метавонад.

Зикр мегардад, ки дастур ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷии воридшуда дахл нахоҳад кард. Дар майдонҳои сохтмон ва бахши саноат шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё - Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон боқӣ мемонанд.