Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо гуфтаҳои ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) Ҳайдар Одиназода дар бораи сатҳи ғайриқаоноатбахши дониши муҳассилини квотадор розӣ нест.

«Вазорат изҳор мекунад: маълумот доир ба ҷавобгӯ набудани дониши бархе аз донишҷӯёни тибқи квота дохилшуда ба талабот, асоси воқеӣ надорад. Миёни донишҷӯёне, ки тариқи квота ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ҷавонони саводнок ва қобилиятнок кам нестанд», - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Бино ба иттилои Вазорат, мувофиқи талаботи Қоидаҳои таҳсилу қабул ба муассисаҳои таълимӣ тибқи квотаҳои Президенти ҶТ, суҳбату санҷишҳо бо довталабон бар асоси саволнома гузаронида мешаванд, ки аз ҷониби омӯзгорони мактабҳои олӣ ва Раёсати маорифи Вазорат таҳия мешавад.

«Қобили зикр аст, ки нақшаи қабули донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ бар асоси пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар тартиб дода мешавад», - омадааст дар изҳорот.

Вазорати маориф ҳамчунин дар мавриди саҳеҳияти маълумот менависад, аз рӯи ихтисоси «технология ва истеҳсоли нахи пахта» ба ҳеҷ касе аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ ягон квота ҷудо нашудааст.

«Нисбати бо ҷойи кор таъмн намудани донишҷӯёне, ки муассисаи таълимиро тибқи квота хатм карданд, метавон гуфт, ки чунин ҳолатҳо баъзан ҷой дошта, лекин хеле каманд», - қайд мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти хабарии рӯзи 24 январ дар Душанбе ректори ДТТ Ҳайдар Одиназода аз сатҳи дониши муҳассилине, ки тибқ квота ба донишгоҳ фиристода шудаанд, норозигӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.