Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор ва боридани борону барф дар назар аст.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони минтақаи чануби кишвар боришоти шадид пешбинӣ шуда, дар минтақаи шимол боришот нисбатан муътадил хоҳад шуд.
Дар давраи аз 8 то 10 январ дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тармаҳо дар назар аст, хабар дода мешавад дар сомонаи Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар роҳҳои кӯҳистон ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ риояи масофаи на камтар аз 500 метр байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.
“Рӯзҳои 8 ва 9 январ дар робита ба боришоти зиёд, рух додани ҳодисаҳои барфрезии ниҳоят зиёд, яхбандии баъзе қитъаҳо ва тармафароиҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аз эҳтимол дур нест”, - қайд мешавад дар огоҳӣ.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.




