Дирӯз, 7-уми январ Диловар Пирзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуд. Ӯ то ин дам муовини аввали раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон буд. Пирзода дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба “Азия-Плюс” аз нақшаву ҳадафҳои ояндааш гуфт.

 

“Рушди шаҳри Кӯлоб ва хидмат ба халқ”

Диловар Пирзода, ки дар ин вазифа Бахтиёр Назарзодаро иваз кард, имрӯз, 8-уми январ, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар давраи роҳбариаш пеш аз ҳама барои рушди шаҳри Кӯлоб, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни истиқлол ва идомаи бунёди иншооти гуногун кӯшиш мекунад.

“Бо мардуми шаҳр, соҳибкорон ва роҳбарон вохӯриҳо баргузор карда, барои ҳалли мушкилоти мардум чораҷӯӣ мекунем. Он мушкилоте, ки мавҷуданд, аз ҷониби корхонаву ниҳодҳои дахлдор фавран бартараф карда мешаванд. Ба мардум наздик будан ва бо соҳибкорон дар якҷоягӣ кор кардан ба манфиати кор мебошад”, - гуфт Пирзода.

Ӯ дар хусуси ҷобаҷогузории кадрҳо кӯтоҳ гуфт, ки “алҳол бо мутахасисоне, ки дар сатҳи роҳбарият фаъолият доранд, кор мекунем”.

 

Диловар Пирзода кист?

Диловар Пирзода 44-сола ва хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳо дар “Тоҷикзаминсоз” ба ҳайси иқтисодчии шуъбаи замин, сардори шуъба ва муҳандиси заминсози дараҷаи 2-юм кор кардааст.

Солҳо дар мақоми раиси Кумитаи идораи замини ноҳияҳои Восеъ, Мир сайид Алии Ҳамадонӣ ва минтақаи Кӯлоб фаъолият кардааст.

Диловар Пирзода давоми солҳои 2022–2024 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон кор карда, аз моҳи майи соли 2024 то таъин шудан ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб ҳамчун муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон адои вазифа мекард.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 7-уми январ бо фармони раисҷумҳур, Бахтиёр Назарзода, ки аз соли 2021 раиси шаҳри Кӯлоб буд, аз вазифа озод шуд. Сабаби барканории Назарзода аз ин мақом маълум нест. 

Дар баробари ин раисони 8 шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва ду муовини раиси вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуданд, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.