Бонки исломии рушд (БИР) пулҳои дар ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сарфашударо ба мубориза бо COVID-19 равона мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, Шӯрои мудирони Бонк дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст. Пас аз ин ҷонибҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарордодҳои молиявӣ байни Тоҷикистон ва БИР, ки ҳафтаи гузашта дар палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуда буд, созишнома ба имзо расониданд.

“Бар асоси он аз ҳисоби пулҳои сарфашуда дар чанде аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба мубориза бо коронавирус 9,4 млн доллар маблағ равона мегардад”, - таъкид мешавад дар маълумоти Вазорати молия.

Гуфта мешавад, ин маблағ баҳри пешгирии паҳншавии вирус барои харидории таҷҳизоти мукаммали мутамаркази муолиҷа, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, антисептикҳо ва дигар маводи зарурӣ истифода хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.