Ҳанӯз аввали сол ҳукумати Тоҷикистон дар бораи баргузории рӯзҳои фарҳанги Қатар, Чин ва Русия дар соли 2020 дар Душанбе қарор қабул карда буд. Лекин пандемияи коронавирус ин нақшаҳоро тағйир дод.

“Баргузории рӯзҳои фарҳанги кишварҳои зикршуда дар ҷумҳурӣ ба вақти дигар гузаронида шуд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги ҶТ.

Ғайр аз ин, ҳукумат ният дошт, ки имсол Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Қирғизистону Беларус ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор кунад. Амалсозии ин нақшаҳо низ алҳол ғайриимкон аст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматиро бо Покистону Малайзия “Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу санъат” таҳия намуда, лекин имзои ин аснод низ алҳол мавқуф гузошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.