Ҷараёни иммунизатсия (ваксиназанӣ) бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон аз 22 март оғоз гардид. Сарвари давлат дар ин бора қарор ба имзо расонид, ки мутобиқи он иммунизатсияи шаҳрвандони кишвар марҳила ба марҳила байни гурӯҳи осебпазири аҳолӣ гузаронида мешавад.

Дар ин робита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба иҷрои тадбирҳои зерин вазифадор шуд:

- нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, сари вақт онро ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои масъули тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонад;

- бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19-ро сари вақт ба муассисаҳои тандурустии дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда, иммунизатсияи гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро таъмин намояд.

муовини вазири тандурустӣ Хусрав Шоҳсаидов

Ҳамчунин ба Вазорати тандурустӣ супориш дода шуд, ки баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар кишвар дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Аввалин шуда муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода ва намояндаи UNICEF дар Тоҷикистон Осама Маккави Когали ваксина гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи барномаи COVAX рӯзи 8 март аз Ҳиндустон ба Душанбе 192 ҳазор вояи ваксинаи COVISHIELD оварда шуд. Ин ваксинаи Oxford-AstraZeneca буда дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад ва дар Созмоги ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) таҳти унвони CoviShild ба қайд гирифта шуд.

Намояндаи UNICEF дар Тоҷикистон

Қаблан зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода изҳор дошт, ки мутобиқи барномаи COVAX эмкунии 20%-и аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар доираи ин барнома ба Тоҷикистон ҳамагӣ 624 000 воя (доза)-и ваксина оварда мешавад.

“Пажӯҳишгоҳи хуноба (сыворотка) дар Ҳиндустон, ки дар он ваксинаи COVISHIELD истеҳсол шудааст, дармонгоҳи дорои гувоҳномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад”, - гуфт муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ният доранд, ки ваксинаи “Спутник”-и Русия ва «CoronaVac»-и Чинро ба қайд гиранд.

Ба гуфтаи Самариддин Ализода, шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом ваксина эм гирифтанро худашон интихоб мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.