Ҳомии ҳуқуқи маъруф Валентина Чупик дар як навори видеоияш дар мавриди ҳолатҳои амали ғайриқонунии сарҳадбонони қирғиз нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Қирғизистон изҳори назар мекунад.

Дар оғози навори муроҷиати видеоӣ ӯ зикр мекунад, ки “ҳозир дар қаламравҳои наздисарҳадӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон вазъ нохуб буда, ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо ба Қирғизистон меоянд, низ бетаъсир намонд”.

“Дар фурудгоҳҳои Бишкеку Ош онҳоро боздошт ва нисбаташон рафтору кирдори номуносибро раво медонанд, соатҳои тӯлонӣ дар фурудгоҳ нигоҳ дошта, хӯрок намедиҳанду мавриди таҳқир қарор медиҳанд ва мегӯянд, ки онҳоро истирдод мекунанд. Фаҳмост, ки ҳамаи одамон эҳсосотианд, сарҳадбонон низ, лекин ин маънои онро надорад, ки эҳсосот нисбати шаҳрвандони одӣ зоҳир шавад, ки комилан дар ин ҳодисаҳо даст надоранд”, - гуфтааст ӯ.

Чупик изҳор мекунад, ки “эҳсосот мутлақо дӯсти хидматчии давлатӣ буда наметавонад, чунки хидматчии давлатӣ бояд на ба поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯйи аломат ва шаҳрвандӣ, балки бояд ба иҷрои вазифаи давлатии худ машғул бошад”.

“Дархости зиёд дорам, нисбати хидматчиёни  хадамоти марзбониатон дар фурудгоҳҳои Ошу Бишкек чорае андешед. Доир ба ин масъала муроҷиатҳои зиёде ба мо расиданд. Ҳамчун давлат ин комилан ба манфиати Қирғизистон нест ва ба муносибатҳои давлатӣ танҳо латма мезанад. Ҳозир <…ба созиш ноил гардидед…>... чаро дубора ин вазъро барангехтан лозим аст. Хоҳиш мекунам, ки ба хидматчиёни давлатии худ кумак кунед, ки ором бошанду на зидди давлат, балки ба манфиати давлат кор кунанд”, - илова кардааст ҳомии ҳуқуқ.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиату шикоятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон нашр шуданд, ки замони даргириҳои марзӣ ба фурудгоҳҳои Қирғизистон омада буданд. Онҳо аз фишору тамаъҷӯӣ ва лату кӯб аз ҷониби шахсони ҷудогона, аз ҷумла дар фурудгоҳи Ош арзу шикоят мекарданд.

Роҳбари диаспораи тоҷикон дар Ош: “Вазъият дар мо ором аст”

Дар ҳамин ҳол, раиси диаспораи тоҷикони “Дӯстӣ” дар шаҳри Ош Холиқназар Алиназар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор намудааст, ки вазъ дар шаҳр ором асту рӯзҳои охир дар интернет хабарҳои бардурӯғ мепартоянд.

"Ниҳодҳои амниятӣ бо мо доим дар тамосанд, занг мезананд ва вазъро мепурсанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия тариқи транзит меоянд, тибқи иттилои мо, бо мошинҳо то марзи Ӯзбекистон ҳамроҳӣ мекунанд", - гуфтааст раиси ҷамъият.

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо иттилои марбут ба вазъи шаҳрвандони Тоҷикистонро пайгирӣ карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мерасонанд.

"Мо итминон дорем, вазъ зери назорат аст ва шаҳрвандон муҳофизат хоҳанд шуд", - гуфтанд масъулони сафорат.

Маводи муфассал аз ҷараёни пешинаи рӯйдодҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.