Дар кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни сарулибоси миллии «Атласу адраси Хуҷанд- 2021» доир гардид. Дар озмун кори 20 тарроҳро зиёда аз 200 нафар иштирокчиён намоиш доданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳр Маъмурхон Юсуфзод.

Фестивал-озмун дар бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ” баргузор гардид.

Дар бахши “Беҳтарин либоси кӯдакона” зинаи аввалро Нӯшофарин Юсуфова (тарроҳ Матлуба Ниёзова), дуюмро - Биҳабиба Самадова ва сеюмро Мадина Анварова ишғол намуданд.

Дар бахши “Беҳтарин либоси миллии арӯсиву домодӣ” ҷойҳои 1,2 ва 3-юм мутаносибан ба Дилфуза Муқимова, Мусаввара Саидвализода ва Нигора Болтубоева муносиб дониста шуданд.

1/13

Ҷоизаҳо барои мақомҳои 1,2 ва 3-юм дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” ба тарроҳон (моделйерҳо) Маҳина Бобоева, Малика Уралова ва Шоҳина Ғафурова тақдим шуданд.

Мадина Анварова, Қурбоной Сатторова ва Масъуда Ғаниева ба гирифтани ҷоизаҳо дар бахши “Беҳтарин либоси идона” шарафёб гардиданд.

Ба Шоҳҷоизаи озмун кори рассом-тарроҳ Матлуба Ниёзова сазовор дониста шуд.

Ба ғолибон диплому мукофотпулӣ аз 500 то 2 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода супурда шуданд. Инчунин кӯдакони тарроҳ низ ба туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.