ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба муомилот баровардани саҳмияҳои НБО “Роғун” ба мардум муроҷиат кард.
Соли 2012 – Аввалин шумораи нашрияи "Тоҷикони Русия" ("Таджики России") ба нашр расид.
“Тоҷикони Россия” як ҳафтаномаи сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз моҳи марти соли 2002 дар Русия нашр мешуд. Ин нашрия асосан ба ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, фаъолияти ҷамъиятҳои миллии тоҷикон, вазъи иқомати муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон бахшида шудааст.
Ҳоло дар бораи фаъолияти кунунии нашрия маълумоти дақиқ мавҷуд нест, аз ҷумла маълум нест, ки он то ҳол нашр мешавда ё не.
Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсар ва чанде аз фарзандону хешони наздикаш Ҳаҷҷи умра кард.
Соли 2020 – Дар шаҳри Теҳрон Сарвар Бахтӣ, яке аз дипломатҳои тоҷик ба ҳайи директори Институти фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба фаъолият оғоз кард. Ӯ масъули пешбурди барномаҳо ва ташаббусҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узви созмон гардид.
Соли 2022 – Рустами Эмомалӣ аз Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон талаб кард, ки фаъолияти молиявии ҳукумати пойтахтро барои соли 2021 санҷанд. Ӯ солҳои баъдӣ низ чунин талабе аз Оҷонсии зиддифасод карда буд, вале натиҷаи ин санҷишҳо то ба ҳол расонаӣ нашудааст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1929 – Мавлуди Ғаффор Мирзо, Шоири халқии Тоҷикистон.

Ғаффор Мирзо яке аз шоирони дӯстдоштаи кӯдакон буда, шеърҳои машҳури “Достак”, “Санговдавак”, “Гунҷишкак” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, чанде муаллимӣ кардааст. Муддате корманди моҳномаи “Шарқи Сурх” буд. Соли 1956 курси олии адабиётро дар Маскав ба поён расонда, солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст.
Вай муаллифи маҷмӯаҳои ашъори “Аз самими дил”, “Ҳазор раҳмат”, “Дил дар кафи даст”, “Аз гаҳвора то майдон”, достонҳои “Асрор”, “Тоҷи давлат” , “366 паҳлӯ”, “Нору Нур”, дуҷилдаи осор, романи манзуми “Фарзанди ҳукумат” аст.
Дар эҷодиёти Ғаффор Мирзо асарҳои кӯдакона ҷойгоҳи вижа доранд, ки “Санговдавак”, “Баррача рӯяд аз замин”, “Чилдухтарон”, “Гунҷишкак”, “Достак”, “Шайтони бекафшу маҳсӣ”, “Як қатра Офтоб”, “Кадом ҳунар беҳтар аст?”, “Гулҳои дастабаста” аз он шумуланд.
Ғаффор Мирзо 26-уми августи соли 2006 дар 77-солагӣ даргузашт.
Соли 1930 – Зодрӯзи Асомиддин Насриддинов, адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ;
Соли 1935 – Мавлуди Фурӯғи Фаррухзод, шоири номдори муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад.

Фурӯғи Фаррухзод яке аз машҳуртарин шоирони муосири Эрон буд. Ӯ на танҳо бо шеърҳои худ, инчунин бо навовариҳо ва назари озоди худ дар адабиёти форсӣ шӯҳрат дошт.
Ӯ соли 1967 дар 32-солагӣ дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт, вале тавонист дар зиндагии кутоҳи худ ба яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон табдил ёбад. Маъруфтарин маҷмуаҳои шеърии ӯ “Асир”, “Девор”, “Исён” ва “Таваллуди дигар” мебошанд.
Соли 1935 – Зодрӯзи Асад Гулзодаи Бухороӣ, шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро ва яке аз пуштибонҳои забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон.

Асад Гулзода шоир, забоншинос ва рӯзноманигори шинохтаи муқими Бухоро буд ва барои зинда нигоҳ доштани забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар талошу ҷонбозиҳои зиёд мекард. Ӯ дар солҳои охир машғули кори эҷодӣ ва шеърнависӣ буд. Бештари шеърҳои марҳум дар васфи Бухоро ва бузургони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Ҳайрат, Аҳмади Дониш ва ғайра буда, дар онҳо бузургии халқи тоҷик таҷассум меёфтанд.
Гулзода дар яке аз мусоҳибаҳои худ аз гум шудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро ва ояндаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон нигаронӣ карда, гуфта буд, ки “дар Ӯзбекистон тахминан 300 шоиру нависандаи тоҷик ҳастанд, вале дар Бухоро ду кас мондаем – ман ва Ҳадяи Бухороӣ. Дигар эҷодкорҳо тоҷик бошанд ҳам, ӯзбекӣ менависанд”.
Асал Гулзода муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Насими Бухоро”, “Хатти пешонӣ”, “Бухоро”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг”, “Нафаси баҳор”, “Гули мурод”, “Арзи сипос” буда, куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд.
Соли 2004 нашриёти “Маориф ва фарҳанг”-и шаҳри Душанбе маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи “Шукуфаҳои Бухоро” ва соли 2007 маҷмӯаҳои “Намози рӯи барг” ва “Нафаси баҳор”-ро ба табъ расонд. Соли 2022 мунтахабаи ашъори Асад Гулзодаи Бухороӣ таҳти номи “Паёме аз Бухоро” дар ҳаҷми 500 саҳифа дар Душанбе ба чоп расид. Ӯ аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Соли 1936 – Зодрӯзи Қурбон Алӣ, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
Соли 1941 – Зодрӯзи Саидмурод Мардонов, ҳунарпешаи театру синамо.

Саидмурод Мардонов зодаи ноҳияи Ҳисор буда, баъди хатми факулати актёрии Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд солҳо дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри намунавии миниётураи “Оина” фаъолият кард. Ӯ дар беш аз 100 намоиши театрӣ ва 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст ва яке аз ҳаҷвнигорони шинохта ба ҳисоб мерафт ва аксаран бо Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин ҳаҷвнигори тоҷик, нақшофарӣ мекард.
Маъруфтарин нақшҳои Саидмурод Мардонов - Сганарел (“Табиби зӯракӣ”-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой (“Дарди бадро давои бад”-и Х. Хоҷаниёзов), Саид (“Дуртар аз сарҳад”-и М. Миршакар), Холназарота (“Дил дили Зайнаб”-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак (“Интихоби домод”-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад (“Роҳзан ва кӯзагар”-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён (“Садо аз тобут”-и А. Қаҳҳор), Урунбой (“Исёни арӯсон”-и С. Аҳмад), Абдураҳим (“Ҳасудхӯр”-и У. Раҷабов) аст.
Марҳум филмҳои телевизионии "Як тиру ду нишон”, “Зумрад”, “Шикори охирин”, “Санам”, “Номзад”, “Марги бегуноҳ” ва чанде дигар ҳам нақш офаридааст.
Соли 1998 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Соли 1947 – Мавлуди Абдусалом Валиев, таърихнигор, мардумшинос, доктори илмҳои таърих;
Соли 1951 – Мавлуди Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи шинохтаи тоҷик.

Яке аз нависандаҳои забардасти тоҷик дар замони истиқлол ва пеш аз он аст. Ӯ мутаввалиди соли 1951 ва фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974) мебошад.
Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.
Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Ӯ 1 феврали соли 2009 дунёи фониро тарк гуфт.
Соли 1952 – Мавлуди Олимҷон Бобоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, номзад ба мақоми президенӣ дар соли 2006 ва 2013 аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ).

Аз лаҳзаи таъсиси ҲИИТ (2006) то соли 2019 раиси он буд. Ду маротиба (2006 ва 2013) аз номи ин ҳизб ба ҳайси номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд, вале овози камтар гирифт.
Ӯ солҳо ҳамчун ректори чанд доннишгоҳи риштаи иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ҳамчунин директори Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз соли 2015-2020 (даъвати V) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии ҲИИТ вакили парлумон буд. Ҳоло аз сиёсат канор рафта, ба корҳои илмӣ машғул аст.
Соли 1954 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик;

Яке аз ҳунарпешаҳои шинохта театру кинои тоҷик аст. Аз соли 1984 боз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият дорад. Дар ин муддат ӯ дар ин театр барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст.
Вай дар ҷоди синамо низ яке аз ҳунармандони муваффақ аст. Махсусан, нақшофариаш дар силсилафилми "Дар орзуи падар" ӯро шинохта ва маҳбуб гардонид.
Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Овози гирову марғуладори ӯро метавон дар аксари филмҳое, ки ба тоҷикӣ дубляж шудаанд, шинохт.
"Азия-Плюс" соли гузашта ба муносибати 70-солагии Муҳаммадҷон Шодиев як мусоҳибаи ихтисоси анҷом дод, ки метавонед дар ин пайванд хонед.
Соли 1999 – Абдусалом Раҳимов, ҳунарпеша ва коргардони синамо дар синни 82-солагӣ аз олам чашм баст.

Абдусалом Раҳимов яке аз чеҳраҳои барҷастаи синамои тоҷик буда, ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон дар ташаккули синамои миллӣ низ саҳм дорад.
Ӯ таҳсилоти ҳунарии худро дар курсҳои ҳунарпешагии назди киностудияи Сталинобод (соли 1936) оғоз намуда, баъдан факултети ҳунарпешагии ГИТИС (соли 1941) ва факултети таъриху фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Омезиши дониши фалсафӣ ва таҷрибаи ҳунарӣ ба ӯ имкон дод, ки ҷаҳонбинии амиқ ва сабки хоси эҷодии худро дар саҳна ва синамо ташаккул диҳад.
Фаъолияти ӯ дар соҳаи синамо аз солҳои аввали таъсиси синамои тоҷик оғоз ёфтааст.
Абдусалом Раҳимов 5-уми январи соли 1999 даргузашт.
Соли 2013 – Абдувалӣ Давронов, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -3+2º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 1+3º гарм.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста