Мувофиқи фармони расмии ВКД Русия аз 21 декабри соли 2022 ба ҷараёни баҳисобгирии муҳоҷират ва бақайдгирии макони зисти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Русия тағйирот сурат гирифт. Шарҳ медиҳем, ки акнун он чӣ гуна мешавад.

Варақаҳо (бланкаҳо) нав мешаванд

Аз 1 январи соли 2023 варақаҳо (бланкаҳо) барои бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ нав мешаванд. Ба онҳо банд барои маълумот дар бораи гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) илова шудааст.

Дар робита ба он, ки акнун баъзе ваколатҳои Марказҳои бисерсоҳавӣ ҷиҳати бақайдгирии муҳоҷират ба макони вуруд ва иқомат ба ВКД ва РКВ (Раёсат оид ба масоили муҳоҷират) гузаштанд, акнун дактилоскопия мустақиман дар нуқтаҳои тафтиши шиноснома гузаронида мешавад (пештар он дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират анҷом дода мешуд).

Қобили зикр аст, ки дар нуқтаҳои тафтиши шиноснома изи ангуштонро аз онҳое мегиранд, ки дар корти муҳоҷират мақсади сафарро “кор” навиштаанд. Муҳоҷироне, ки аллакай дар қаламрави Русия қарор доранд, бояд ин расмиётро то охири моҳи январ анҷом диҳанд.

Барои боқимонда воридшавандагон ба қаламрави Русия муҳлати қайди аз дактилоскопия гузаштан ба ҳадафи сафарашон вобаста аст. Дар умум, шаҳрванди хориҷӣ бояд на дертар аз 90 рӯз пас аз омаданаш бояд изи ангуштонашро супорад.

Акси марбута
Сурат аз mvdmedia.ru

Мебояд гуфт, ин ба муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо таъсир расонида метавонад (масалан, барои гирифтани шаҳрвандӣ): масалан, агар пештар барои худро ба қайди муҳоҷират гузоштан ё бақайдгирӣӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дар Маркази бисёрсоҳавӣ дуруст кардан мумкин буд, пас акнун дактилоскопияро дар шуъбаҳои минтақавӣ ва раёсатҳои корҳои дохилӣ супурдан лозим аст.

Варақаҳо (бланкаҳо)-и навро барои пур кардан аз сомонаҳои Раёсат оид масоили муҳоҷират, ВКД ва Маркази бисёрсоҳавӣ «Мои документы» (Ҳуҷҷатҳои ман) боргирӣ (скачать) кардан мумкин аст.

Ба қайд гузоштан дар портали Госуслуг (Хидматрасониҳои давлатӣ)

Дар дафтарҳои кории «Мои документы» метавонанд ба шаҳрванди хориҷӣ, масалан бақайдгирӣ ва сабти муҳоҷират, ба ҷониби қабулкунанда ё даъваткунанда - қабули ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирӣ дар макони иқомат дар қаламрави Русия рад кунанд, зеро ин корро тариқи сомонаи расмии Госуслуги, ки ҳамаи маълумотро ба он ворид мекунед, анҷом додан мумкин аст.

Барои бақайдгирӣ дар сомона шиносномаи ҷониби қабулкунанда ё даъваткунанда бо қайд, суроғаи қайд, агар он бо суроғаи қайди ҷониби қабулкунанда як хел набошад, шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ва корти муҳоҷират лозим аст.

Агар шаҳрванди хориҷӣ Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дошта бошад, пас барои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои дахлдорро боргузорӣ (загрузить) кардан зарур аст.

Баррасии ариза барои ба қайди муҳоҷират гузоштан тариқи портал 24 соатро ташкил медиҳад. Агар ҳамааш хуб сурат гирад, пас дар ҳуҷраи шахсӣ (личный кабинет)-и шаҳрванди хориҷӣ дар бораи муваффақона гузаштани бақайдгирӣ ва сабти муҳоҷират огоҳинома пайдо мешавад.

Барои шахсони бешаҳрвандӣ корти муҳоҷират лозим нест

Агар тариқи сомона ба қайди муҳоҷират гузоштани шахси бешаҳрвандӣ лозим бошаду ӯ танҳо шаҳодатномаи шахсияти муваққатӣ дошта бошад, пас ба ӯ зимни бақайдгирӣ пешниҳоди корти муҳоҷират даркор намешавад.

Сурат аз zavtra.ru

Тағйирот барои донишҷӯёни хориҷӣ

Барои донишҷӯёни машғули таҳсил дар макотиби олии Русия гирифтани иҷозаи зист осонтар мешавад.

Хориҷиёне, ки барои гирифтани маълумот ба муассисаҳои давлатии Русия меоянд, акнун метавонанд ба таври соддатар иҷозаи зисти муваққатӣ гиранд.

Яъне:

шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия бо мақсади таҳсил ба муассисаи давлатии таълимӣ ё муассисаи давлатии илмӣ омадаанд, иҷозаи зисти муваққатӣ бо мақсади гирифтани маълумотро (РВПО) дарёфт мекунанд.

Муқаррароти марбута аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор гирифтанд. Чунин иҷоза (РВПО)  ба хориҷиён тибқи ариза дода мешавад.

Ғайр аз ин, гуфта мешавад, категорияи шахсони зикршуда ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар муддати 3 соли пас аз анҷоми таҳсил ба таври содда Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) бигиранд.

Хориҷиёне, ки барои дарёфти иҷозаи зисти муваққатӣ бо мақсади гирифтани маълумот (РВПО) муроҷиат мекунанд, уҳдадор нестанд, ки далели донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русияро тасдиқ кунанд, инчунин ҳар сол огоҳинома дар бораи иқомат пешниҳод намоянд.

аз orendor.ru

Муҳлати даъватномаҳо кам шуд

Мувофиқи фармони ВКД Русия, аз 12 декабр, муҳлати анҷоми расмиёти даъватномаҳо барои вуруд ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба ин кишвар кам шуд.

Гуфта мешавад, муҳлати пешниҳоди хидматрасонии давлатӣ аз 20 то 15 рӯзи корӣ кам карда шуд.

Ин ба ҳолатҳои анҷоми расмиёти даъватномаҳо ба вуруди мутахассисони баландихтисос ва аъзои илаи онҳо дахл надорад.

Ҳамчунин муҳлати пешниҳоди хидматрасонӣ дар ҳолатҳои марбут ба як қатор сабабҳои зерин кам карда мешавад:

- зарурати табобати таъҷилӣ;

- бемории вазнин ё марги хешованди наздик;

- дигар сабабҳое, ки вуруди таъҷилии шаҳрванди хориҷиро ба Русия тақозо мекунанд.

Маълумот дар бораи андозаи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди хидматрасонӣ дар Единый портал (Портали ягона) ҷойгир карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.