Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Италия рӯзи 24 апрел дар шаҳри Рим таҳти унвони «Муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия» Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Италия баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ беш аз 100 ширкат аз ҳарду ҷониб, роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳои давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистону Италия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ имконияти ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ду давлат дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз ҷумла, имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва имтиёзҳо дар ин самт аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, имконияти саноатии мамлакат аз ҷониби вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва имконияти энергетикӣ аз ҷониби Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа муаррифӣ карда шуд.
Зимнан роҳбарият ва намояндагони ширкатҳои «ВиБилд» (WeBuild) ва «Каррера» (Carrera) аз таҷриба ва фаъолияти ширкатҳои италиявӣ дар Тоҷикистон ба иштирокдорони Форум маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» ва бахши давлатию хусусӣ баргузор гардида, дар доираи онҳо масъалаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ баррасӣ карда шуд.
Дар доираи ин ҳамоиш ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санадҳои имзошуда инҳо мебошанд:
— Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон ва Ширкати итолиёвии «Марзолӣ Мачинез Текстайл СРЛ» ба маблағи 100 млн доллар;
— Созишнома байни ширкати ватании «Ғаюр Гурӯҳ» ва ширкати италиявии «Сакомӣ Имола С.К.» (Sacomi Imola S.C.) оид ба масъалаи ба роҳ мондани хати истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ, ба маблағи 35 млн доллар;
— Созишнома байни ширкати тоҷикистонии «Гринфудс» ва ширкати италиявии «Анселмо Импианти Сирил» (Anselmo Impianti Srl) ҷиҳати ба роҳ мондани хати истеҳсоли макарон, ба маблағи беш аз 1 млн евро.
Иштирокдорони Форум ба баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд дода, ба ифоқа расиданд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор намоянд, зеро он ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Италия мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 23 апрел дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Италия аз ҷониби ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раҳбарияти Федератсияи футболи Италия Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи касбии мураббиёни футболи Тоҷикистон ва таълими футболбозони мо дар академияҳои футболи Италия ба имзо расид.
Ёдрас мекунем, ки қаблан пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ байни Тоҷикистон ва Италия 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста