Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 19-21 июл кишварро боз тӯфони чангу ғубор фаро мегирад.

“Ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор, ки аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст”, - омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, огоҳ мекунад КҲФ, рӯзҳои 18-19 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Кумита бо муроҷиат ба аҳолӣ боисрор аз онҳо дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамаи тадбирҳои эҳтиётро риоя намоянд.

“Ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунед”, - огоҳ мекунад Кумита.

Ба сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт шаванд.

Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.