Моҳи август дар Тоҷикистон билохира боришот дар назар аст, лекин кӯтоҳмуддат. Дар баъзе минтақаҳо ҳарорат дар ҳудуди 40 дараҷа боқӣ монда, дар баъзе ҷойҳо каме поин меравад, вале начандон назаррас. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳарорат баъзен 1-2 дараҷа аз меъёр боло рафта, дар водиҳо 26-28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ - 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар даҳаи аввали моҳ ҳарорат шабона 22-27 дараҷа ва рӯзона 35-40 дараҷа, дар ҷануб 38-43 дараҷа гарм дар назар аст. Дар давраи боқимонда ҳарорат дар водиҳо шабона аз 19-24 то 15-20 дараҷа, рӯзона - аз 35-40 то 32-37 дараҷа, дар доманакӯҳҳо рӯзона аз 29-34 то 22-27 дараҷа, шабона - аз 15-20 то 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Боришот асосан дар аввал ва охири моҳи август дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар назар буда, миқдори моҳонааш аз меъёр поинтар аст. Дар водиҳо баъзан тӯфони чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Суғд ҳарорат баъзан 1 дараҷа аз меъёри иқлимӣ боло рафта, дар водиҳо 26-27 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 15 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар даҳаи аввали моҳи август ҳарорат дар водиҳо шабона 19-24 ва рӯзона - 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар давраи боқимонда ҳарорат дар водиҳо шабона аз 16-21 то 13-18 дараҷа, рӯзона - аз 32-37 то 29-34 дараҷа; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 10-15 то 6-11 дараҷа, рӯзона - аз 22-27 то 18-23 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Ба эҳтимоли зиёд дар нимаи аввал ва охири моҳ боронҳои кӯтоҳмуддат бо раъду барқ пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳарорат 1 дараҷа поинтар аз меъёри иқлимӣ дар назар буда, 17-22 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат рӯзона аз 29-34 то 24-29 ва шабона аз 13-16 то 10-15 дараҷа аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ асосан дар охири моҳи август борону раъду барқ пешбинӣ шуда, дар ғарби ВМКБ боришот дар назар нест.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорат баъзан 1 дараҷа болотар аз меъёр шуда, 10-12 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳарорат метавонад шабона аз 6-11 то 2-7, рӯзона - аз 18-23 то 12-17 дараҷа гарм тағйир ёбад.

Миқдори боришоти моҳона аз меъёр зиёд мешавад (меъёр 5-17 мм). Дар ноҳияҳои ҷудогона суръати шамол баъзан то 12-17 м/сония пурзӯр мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.