Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе сокинони бародаршаҳри Душанбе - Боулдери штати Колорадои ИМА бар ивази чойхонаи миллии душанбегиён и нтернет-кафеи нав боз мекунанд.

Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, ки ин нукта 15 июли соли ҷорӣ зимни мулоқоти Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати намояндагони шаҳри Боулдер таҳти сарварии меъмори иншооти мазкур Дэвид Баррет таъкид гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, зимнан шаҳрдорӣ муқаррар сохт, ки бо омода гаштани иншоот барои истифодабарӣ комиссияи марбутаи давлатиро барои қабул таъсис дода, онро ба тавозуни моликияти коммуналӣ гузаронад, то аз рӯи таъинот ба муштариён хизмат расонад.