Душанбе . 22- уми сентябр . - Бинобар гузориши равобити умумии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон , ин китоб ба муносибати 1150 таваллуди Рӯдакӣ ба кӯшиши профессор Расул Ҳодизода ва доктор Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ ва тавассути пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ - тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон , бо ҳамкории бунёди Рӯдакӣ , Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти фарҳангистон Улуми Тоҷикистон мунташир шудааст .

Доктор Али Асғари Шеьрдӯст , сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон , муқаддимае бар ин нигоштааст , ки дар он омадааст : Рӯдакӣ танҳо шоир набуд , балки мусиқидони барҷаста ва ровии ривояти куҳан аз фарҳангу тамаддуни иронзамин буд .  

Оқои Шеърдӯст ҳамчунин навиштааст: Номгузории соли ҷорӣ ба номи соли бузургдошти Рӯдакӣ ва баргузории барномаҳои вобаста ба он дар Ирон ва Тоҷикистон мӯҷиб шуда, ки осори таҳқиқии зиёде аз ҷумла ин китоб, ки ҳосили талоши пажӯҳишгарон ва донишмандон аст ба корномаи «Рӯдакишиносӣ» изофа шавад.

Гуфта мешавад, девони мазкур дар чопхонаи «Пайванд»-и сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон дар шаҳри Душанбе ба теъдоди 1000 нусха чоп шуда ва дар ихтиёри маҳфилҳои илмӣ, донишгоҳӣ ва шахсиятҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон қарор гирифтааст.