Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар пойтахти Ҳиндустон - шаҳри Деҳлӣ маросими расмии ифтитоҳи нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ аз намояндагони зиёиёни эҷодкор иборат аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯбаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон намоишгоҳи китоби бахшида ба 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ доир гардида, филми ҳунарии «Тақдири шоир» намоиш дода мешавад.
Зикр гардид, ки ҳамчунин намоишгоҳҳои рассомон ва аксбардорони муосири тоҷик низ баргузор хоҳад шуд. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳиндустон то 18-уми октябр идома меёбанд.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста