Душанбе. 22-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи забон ҷашн гирифта мешавад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, ба ин муносибат имрӯз дар боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузоор мешавад, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи радиову телевизион ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, дар чорабиниҳои ҷашнӣ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, намоянадгони мақомоти шаҳрдории пойтахт ва меҳмонон ширкат меварзанд. «Шоми имрӯз соати 17 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» сайругашти оммавии шаҳрвандон, базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил карда мешавад», - гуфт ӯ.
Сухангӯи раиси пойтахт афзуд, имрӯз ҳамчунин дар Амфитеатр маҳфили идона бо иштироки донишмандону адибон, устодони санъат ва ҷавонони эҷодкори пойтахт баргузор шуда, дар китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҳти унвони «Забон – боигарии миллат» конфронси илмӣ доир мегардад.



Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста