Сафири ИМА Кен Гросс дар намоишгоҳи санъати Помир, ки аз тарафи “Як Ҳауз” (Хонаи қутос) бо маблағгузории "Бунёди сафирон барои ҳифзи фарҳанг" ҳифз шуда ба феҳрист дароварда шудааст, иштирок намуд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин грант бо маблағи 49 000 доллари амрикоӣ ба Як Ҳауз барои ба феҳрист даровардани маҳсулоти ҳунармандони Помири Шарқӣ ва ба ҷавонон омӯзонидани ҳифзи анъанаҳоро  дода шуд.  Як Ҳауз як намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандонро дар маркази фарҳангии "Бактрия" рӯзи 21 сентябр барпо намуд, ки санъати анъанавии Помирро нишон дод ва бо “Рӯйхати санъати Помири Шарқӣ”, ки нав аз чоп баромад ва ин маҳсулотро ба қайд гирифт, муаррифӣ намуд.

Барои ин лоиҳа Як Ҳауз тадқиқоте оид ба ҳунармандони Помир  гузаронда, асарҳои нодир ва анъанавии онҳоро барои ҳифз дар оянда ба қайд гирифт. Инчунин, лоиҳа ба ҳунармандон имконият дод, ки таҷриба ва маҳорати ҳудро ба насли нави ҳунармандон бо тариқи курсҳои омӯзишӣ таҳвил диҳанд, то ин ки давомнокии ин пайкари муҳими фарҳанги тоҷик таъмин карда шавад.

Аз рӯзи таъсиси худ аз тарафи Конгресси ИМА, "Бунёди сафирон барои ҳифзи фарҳанг" зиёда аз 640 лоиҳаи ҳифзи фарҳангиро дар зиёда аз 100 давлати дунё маблағгузорӣ кардааст.

Як Ҳауз соли 2000 аз тарафи АКТЕД барои такмил додани мавқеи иқтисодӣ ва ҷамъиятии занони Мурғоб ва ҳифз кардани ҳунармандии анъанавии Помири Шарқӣ таъсис дода шуд.

Шурӯъ аз соли 1991 Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар самти мустаҳкам кардани муносибати байни мардуми Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон фаъолият мекунад.  Барномаҳои маориф ва фарҳангии Сафорати ИМА фаҳмиши байнифарҳангиро бо тариқи мусиқӣ, санъат, варзиш ва табодули фарҳангӣ ва маорифӣ дастгирӣ менамояд. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар пешниҳод намудааст.