Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар зумраи шахсиятҳои машҳури Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Россия ва Украина се нафар намояндагони Тоҷикистонро бо мкофотҳо сарфароз гардонид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон «барои фаъолияти бисёрсола ва саҳми арзанда дар тарғиби санъати тасвирӣ» ва Суҳроб Мирзоев, раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон, директори Театри давлатии дарамаи русии ба номи Вл.Маяковский «барои ҳиссаи пурсамар дар ташаккули фазои умумии театрӣ» бо Ифтихорнома ва медали хотиравӣ сазовор дониста шуданд.
Гуфта мешавад, инчунин Абдуғаффор Абдуҷабборов, нависанда, тарҷумон, драматург, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон «барои саҳми шахсӣ дар рушди адабиёти миллӣ ва фаъолияти тарҷумонӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2014» низ бо чунин мукофотҳо қадрдонӣ гардид.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста