Дабири кулли Ташкилоти СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова рӯзи 3 ноябр дар Париж намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Рустамҷон Солиевро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ёвари президенти Тоҷикистон А.Раҳмонзода паёми табрикии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 70-солагии таъсиси ин ташкилотро ба И. Бокова супурд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО барррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ба рӯйхати мероси модддии фарҳанги ҷаҳонӣ ворид намудани маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и Душанбе, шаҳракаи қадимаи Карон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ва ҳамчунин ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги ҷаҳонӣ ворид кардани таоми миллии тоҷикон - оши палава ва сарулибоси миллӣ - чакан табодули назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дабири кулли ЮНЕСКО ба ҳайати Тоҷикистон сертификати ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ворид шудани Боғи миллии Тоҷикистонро тақдим намуд.