Овозхони тоҷик Ҷонибек Муродов бо суруди «Биё» дар барномаи «Мировой хит-парад»-и шабакаи Радиои «МИР» зинаи аввалро ишғол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Радиои «МИР», дӯстдорони мусиқии Тоҷикистон Ҷонибек Муродовро дар моҳи феврал сарояндаи беҳтарин донистаанд.

Ғолибони «Мировой хит-парад»-ро худи шунавандагони радио муайян мекунанд. Ҳар моҳ дар сомонаи Радиои «МИР» radiomir.fm овоздиҳӣ ҷараён гирифта, дар он сокинони кишварҳои узви ИДМ ва Гурҷистон суруди беҳтарини кишвари худро интихоб мекунанд.

Қобили зикр аст, ки овозхони эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов фарзанди овозхони маъруфи тоҷик, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аст.