Маъмурияти Театри драмавии русии ба номи Вл.Маяковский санадеро интизор аст, ки метавонад ба таърихи қариб садсолаи он нуқта гузорад. Ҳукуматдорон кормандони театрро дар бораи кӯчонидани бинои он огаҳ карда, вале то ҳол макони нави ҷойгиршавии он интихоб нашудааст.

Ба қавли муовини директори театр Гулнора Аҳмедова, кормандони мақомоти шаҳрдорӣ чандин маротиба ба театр омада, андозагириву аксбардорӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки ояндаи наздик бинои тетар кӯчонида мешавад, «вале минбаъд мо ба кӯчо меравем, маълум нест».

Тибқи баъзе маълумоти тасдиқнашуда, кӯчонидани биноҳои нави театрҳои Вл.Маяковский ва А.Лоҳутӣ ба биноҳои кинотеатрҳои «Ватан», «Ҷоми» ё «Тоҷикистон» пешбинӣ мешавад.

Муовини директори театр бар ин назар аст, ки варианти беҳтарин барои театри ба номи Вл.Маяковский дар ин ҳолат, мунтазир шудани анҷоми сохтмони Театри миллӣ аст, ки соли 2020 ба нақша гирифта шуда, кӯчонидани театрҳои операву балет ва ба номи Лоҳутӣ ба он дар назар аст. «Дар ин сурат чаро ҷой додани мо дар бинои театри опера ба балет мумкин набудааст?», - мегӯяд Г.Аҳмедова.

Маълумоти муфассал дар хусусро дар маводи зерини «Азия-Плюс» дарёфт карда метавонед.