Рӯзи 6-уми июни соли равон Анҷумани 13-уми ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар Анҷуман тибқи муқаррароти оиномавӣ интихоби раиси Иттифоқ ба тариқи пӯшида сурат гирифта, аз байни 3 нафар номзад оҳангсози шинохтаи тоҷик Шуҳрат Ашӯров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамзамон вакилони Анҷуман масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнҳои давлатӣ, эҷоди асарҳои муосири мусиқӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, тарбияи кадрҳои ҷавони оҳангсозу мусиқишиносон ва тавсеаи фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқро баррасӣ намуданд.
Пас аз интихоб шудан ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, композитор Шӯҳрат Ашӯрови 54-сола ба журналистон гуфт, ки ният дорад барои композиторони ҷавон мактаби махсус ташкил кунад.
«Мактаб барои истеъдодҳои наврас аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кушода хоҳад шуд. Ба ин васила, мо азм дорем, ки насли ҷавони композиторонро ба воя расонем», — тазаккур дод ӯ.
Композитор Шӯҳрат Ашуров соли 1962 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карда, композиторони маъруф, ба мисли Ёқуб Сабзанов, Дамир Дӯстмуҳаммадов таълим гирифтааст. Солҳои 1984-86 дар омӯзишгоҳи мусиқавии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи Чайковский, дар синфи К. Баташов таҳсил намудааст.
Соли 2001 Академияи мусиқии Русия ба номи Гнесинҳоро хатм кард. То интихоб шудан ба раисии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор мекард.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста