Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти созмони хайрияи амрикоии MERCYCORPS» (Корпуси шафқат) дар Тоҷикистон ба муддати як моҳ мутаваққиф шуд. Созмон аз соли 1994 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Аз Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки созмон аз пешниҳоди аснод барои санҷиши фаъолият ба вазорати адлия саркашӣ кардааст ва вазорати адлия ба додгоҳ муроҷиат намудааст. «Тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон вазорати адлия ҳуқуқ дорад, ки санҷиши фаъолияти созмонҳои хайрияву ҷамъиятиро ҷиҳати риояи қонунҳо баргузор намояд, вале раҳбарияти намояндагии созмони мазкур ин масъаларо нодида гирифт», - изҳор дошт сарчашма.
Ба гуфтаи намояндаи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ намояндагони созмонро ӯҳдадор сохтааст, ки барои санҷиши фаъолият ҳамаи асноди заруриро ба вазорати адлия пешниҳод созанд.



Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста