Имрӯз 23 июл дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Ислом Маҳмадшоев пас аз бемории вазнин дар синни 36-солагӣ аз олам даргузашт.
«Дарки талаф додани чунин шахси хубу некдил бароямон хеле мушкил аст. Даргузашти Ислом Маҳмадшоев талафоти вазнин барои касонест, ки аз наздик бо ӯ ошноӣ доштанд. Хотираи неки ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо зинда хоҳад монд», - қайд мешавад дар ин робита дар сомонаи расмии ФФТ.
Маҳмадшоев Ислом Иззатуллоевич 1 майи соли 1980 дар Фархор ба дунё омадааст. Аз соли 1997 то соли 1997 дар сафҳои артиши Тоҷикистон адои хизмат кардааст. Маълумоташ олӣ буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст.
Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2004 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи байнулмилалӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Аз соли 2009 - ёвари дабири кулл ва аз соли 2012 - сардори шуъбаи байнулмилалии Федератсия. Санаи 2 июли соли 2013 дабири кулли ФФТ таъин гардид. Аз соли 2010 - комиссари Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) ва аз соли 2011 - комиссари Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА).
Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд - 3 духтару 1 писар.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста