Нигина Баҳриева, роҳбари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» ва ҳомии ҳуқуқи маъруф изҳор дошт, ки Кумитаи андоз аз суд дархост намудааст, ки созмон барҳам дода шавад ва ин дархост ба он хотир сурат гирифтааст, ки созмон зимни сабт аз «нуқсонҳо дар қонунгузорӣ» истифода кардааст.
Ба гуфтаи ӯ мушкили танзими фаъолияти фондҳои ҷамъиятӣ зоҳирнашаванда буд, вале солҳои ахир ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Ба қавли ҳомии ҳуқуқ, айни замон Вазорати адлия ташкилотҳои ғайридавлатиро ба қайд мегирад ва Кумитаи андоз фондҳои ҷамъиятиро дар доираи равзани ягона сабт мекунад.
«Яқинан ин барои он ба вуҷуд омадааст, ки соли 2007 вуҷуд доштани чун н навъи шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратиро фаромӯш кардаанд. Акнун масъалае пайдо шудааст, ки бо мо - фондҳои ҷамъиятӣ чӣ кунанд. Кумитаи андоз бақайдгирии фондҳои ҷамъиятиро рад карда, моро барои сабт ба Вазорати адлия мефиристад, аммо Вазорати адлия бо ишора ба қонун зикр мекунад, ки мо ба ин ҳеҷ муносибате надорем ва дурст ҳам ҳаст, чунки фондҳои ҷамъиятӣ таҳти қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ қарор надоранд. Ҳамин тариқ, мо дар бунбасти истифодаи қонунгузорӣ мондаем», - гуфт Баҳриева.
Зимнан зикр гардид, ки ташкилотҳо намехоҳанд ба сифати созмони ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шаванд ва сабт ҳамчун фонди ҷамъиятиро афзалтар медонанд, ки тибқи Кодекси гражданӣ иҷозат дода шудааст. Баҳриев изҳор дошт, ки рад шудани бақайдгирӣ аз ҷониби Кумитаи андоз ғайриқонунӣ аст.
«Аз суд дархост кардаанд, ки ташкилоти ман барҳам дода шавад. Асос он аст, ки ан аз нуқсонҳо дар қонунгузорӣ истифода бурда, ба ҷойи дар Вазорати адлияи сабти ном шудан, ин корро дар Кумитаи андоз кардаам. Ин масъала бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ҳал шавад», - афзуд роҳбари «Нотабене».




Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста