Нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев бар ин назар аст, ки маҳкумшудагон ба ифротгароии диниро аз маҳбусони дигар ҷудо нигоҳ доштан зарур аст, то ки аз падидаи ба тундгароӣ гаравидан ва ҷалби дигар зиндониён ба гурӯҳҳои ифротгаро пешгирӣ шавад.
Хабаргузории Интерфакс дар ин робита менависад, Сариев дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД Қирғизистон гуфтааст, «дар ҷумҳурӣ барои маҳкумшудагон ба ифротгароии динӣ бояд зиндони алоҳида ташкил карда шавад, чунки онҳо фаъолона ба ҷалби ҷинояткорон ба сафҳои худ оғоз мекунанд».
«Муттаҳидшавии ифротгароёни динӣ бо ҷинояткорон ба омехтаи мудҳише табдил меёбад ва натиҷаи ин иттиҳодро мо ҳафтаи гузашта дар Бишкек шоҳид будем, ки хадамоти махсус як гурӯҳ намояндагони созмони террористиро аз байн бурданд ва миёни онҳо аъзои гурӯҳи муташаккили таҳти сарпарастии Давлати исломӣ қарордошта низ ҳузур доштанд», - иброз доштааст Сариев.
Ба андешаи нахуствазири Қирғизистон, дар зиндони ҷудогона нигоҳ доштани маҳкумшудагон барои ифротгароии динӣ имкон медиҳад, ки ба гаравидани дигар маҳбусони зиндон ба тундгароӣ роҳ дода нашавад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони макомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи ҷануби Қирғизистон, ки дар ин ҷо ҳодисахои бештари ҷалби шаҳрвандон ба сафи тундгароёни исломӣ дар Сурияву Ироқ ба қайд гирифта шудааст, барвақт дар бораи ҷудо нигоҳ доштани маҳкумшудагон ба ифротгароии динӣ аз дигар маҳбсуонро масъалагузорӣ карда буданд.




“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2025
Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста