Нашрияҳои Ӯзбекистон дар бораи вазъи президенти кишвар Ислом Каримов маълумот интишор намуданд. Дар он қайд мешавад, ки тайи рӯзҳои ахир вазъи президенти кишвар хеле бад шудааст.

Бино ба маълумоти ВАО, вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят вахим шудааст. Ин маълумотро Девони вазирони кишвар дар нашрияҳои маҳаллӣ интишор намуд.


«Бо тассуфи зиёд хабар медиҳем, ки шабонарӯзи гузашта вазъи солимии президент ниҳоят бад шуда, ба андешаи табибон, он ҳамчун буҳронӣ арзёбӣ мешавад», - қайд мешавад дар маълумот.


Дар ин маълумот Девони вазирони Ӯзбекистон ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки Ислом Каримов сактаи майнаи сар (инсулт)-ро аз сар гузаронидааст.

Маълумотҳо доир ба бистарӣ шудани Ислом Каримов рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда, 28 август интишор шуданд. Рӯзи дигар духтари хурдии ӯ ЛолаКаримова - Тиллоева хабар дод, ки президенти Ӯзбекистон сактаи майнаи сарро аз сар гузаронида, дар бемориситон бистарӣ шуд ва дар ҳолат вазнин қарор дорад.

Рӯзи 31 август маълум шуд, ки табибони Пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии мағзи сар ва асаб (нейрохиругия)-и ба номи Бурденко дар Ӯзбекистон қарор доранд ва ба муолиҷаи сарвари давлати ин кишвар машғуланд.

Хабаргузории «Фергана» ҳанӯз 29 август иттилоъ дода буд, ки Ислом Каримов аз олам даргузашт, аммо ин маълумот худи ҳамон рӯз рад карда шуд. Манбаъҳои «Интерфакс» ва «РИА Новости» дар ҳукумат ва дастгоҳи президенти Ӯзбекистон хабар доданд, ки Каримов зинда ва дар бемористон дар ҳолати устувори вазнин қарор дорад. Дар Кремл ҳам иттилоъ доданд, ки дар бораи тасдиқи марги Каримов ба онҳо маълумот нарасидааст.