Ҳамдеҳагони Ҳусан Ҳоҷибоев, нафақахӯри 76-сола аз вилояти Намангони Узбакистон, ки ба зиёрати қабри Ислом Каримов рафта буд, ӯро бо туҳфа пешвоз гирифтаанд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Ҳусан Ҳоҷибоевро барои зиёрати қабри Ислом Каримов ба "ҳаҷҷи асғар" (ё ҳаҷҷи хурд) баробар кардаанд.

Гуфта мешавад, қисме аз корбарони Facebook пул ҷамъ карда, барои Ҳоҷиебоев дучархаи нав ва яхдон харидаанд. Акнун пирамард ният дорад, бо дучархаи туҳфашуда ба зиёрати ҳаҷҷ равад.

"Ба сари қабри Каримов рафтан ҳам худаш адои ҳаҷ буд. Ман дар Самарқанд ба хонаи авлодии Каримов рафтам, ҳамаро дохил шудан намемонанд, аммо ман ворид шудам. Ба сари қабри вай низ ҳамаро наздик шудан намемонанд", - нақл кардааст Ҳоҷибоев.

Зимнан зикр мегардад, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт. Ӯро 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супурданд.