Дар шаҳри Брюссел рӯзи 4 октябр муовини президенти Комиссияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва Комиссионери ҳамкориву рушди байналмилалӣ Невен Мимика бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карданд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин нишаст ҳамаи панҷ вазири хориҷӣ – Ерлан Идрисов аз Қазоқистон, Ерлан Абдилдаев аз Қирғизистон, Сироҷиддин Аслов аз Тоҷикистон, Рашид Мередов аз Туркманистон ва Абдулазиз Комилов аз Узбакистон иштирок доштанд.
Дар изҳороти ниҳоии худ Федерика Могеринӣ гуфт, "Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи Аврупову Осиё ҷойгир аст ва барои Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, ҳам муҳим мебошад.
Ба ҳангоми баррасии масоили обу энержӣ эҳсос мешуд, ки кишварҳо ба тафоҳуми бештар наздик мешаванд.
Дар ҳамкории тарафҳо имкониятҳои дастнохӯрдаи хеле зиёд аст, ки бахши сармоягузориву тиҷорат, инфрасохтор ва ё ҳамкориҳои миёни мардумро дар бар мегирад".
Вай гуфт, ин ҳамкориҳои амалкунанда бахшҳои зиёд, аз ҷумла таҳдидҳои амниятиро дар бар мегирад. "Дар оянда, - гуфт ӯ, - ҳамкориҳои бештар дар бахши иқтисод ва рушд хоҳад буд". Комиссионер Мимика гуфт, "дар нишасти имрӯза ҳамкорони Осиёи Марказӣ омодагии бештари худро ба хотири ҳамкорӣ ва натиҷаи хуб ба намоиш гузоштанд".
Ширкатдорон, инчунин, мувофиқа карданд, ки дар амри иҷрои ин ҳама ҳадафҳо набояд дар бораи мудирияти дуруст, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, волоияти қонун ва ҳамчунин бунёди ҷомеаи демократӣ фаромӯш шавад.




Дар Душанбе кӯдакони бемориҳои дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 38
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 марти соли 2026
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон
“Охирин аксе, ки бурд ӯ - акси шуми қотилаш буд”. Ёддошти дӯстии Муҳиддин Олимпур бо Лоиқ Шералӣ
Фонди Абу-Забӣ барои сохтмони НБО “Роғун” $100 млн медиҳад. Шарту шароити қарз маълум шуд
Соли гузашта беш аз 62% даромади буҷети давлатиро андозҳо ташкил додаанд
“Ба ноумедӣ роҳ надиҳед”. Ҳушдори чанд сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна ба шаҳрвандони кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста