Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 25 январ «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, мутобиқи ин қарор кӯчаҳои марказӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва маркази вилоятҳо ба номи Ислом Каримов гузошта мешаванд.

Фурудгоҳи байнулмилалии Тошканд, Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд, Корхонаи автомобилбарорӣ дар шаҳри Асака ва Кохи фарҳанг дар шаҳри Фарғона низ номи Ислом Каримовро мегиранд.

Ғайр аз ин дастур дода шудааст, ки дар қароргоҳи ҳукуматии Оқсарой Маҷмааи илмиву маърифатии ба номи Ислом Каримов таъсис дода шуда, Фонди ҷумҳуриявии ҷамъиятии харйияи ба номи Ислом Каримов дар он ҷойгир карда шавад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ба таҷлили ҷашни пуршукӯҳи ҳамасолаи зодрӯзи президенти Ӯзбекистон - 30 январ ва санаи 2 сентябрро муқаррар кардани Рӯзи ёдбуди нахустин президенти Ӯзбекистон дастур дода шудаааст.

Зикр мегардад, ки барои донишҷӯёни макотиби олӣ стипендияи ба номи Ислом Каримов таъсис ёфта, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ислом Каримов асарҳои илмиву бадеӣ, филмҳои мустанаду ҳунарӣ офарида мешаванд ва ҳамчунин маркаҳои почтавӣ бо расми нахустин президенти Ӯзбекистон нашр хоҳанд шуд.