Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистонро, ки боиси талафоти одамон гашт, ба президенти ин кишвар Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон хабари фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистони дӯстро, ки боиси талафоти одамон гашт, бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтанд.

«Хоҳишмандам тасаллиёти амиқи моро ба наздикону пайвандони дар натиҷаи ин фоҷиа ҳолокшуда расонед. Ба тамоми нафарони осебдида шифои комил таманно дорем», - гуфта мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, бар асари фаромадани ярч дар рустои Аюуи ҷамоати Заргари вилояти Ӯши Қирғизистон 24 узви шаш хонавода, аз ҷумла нуҳ кӯдак, зери хок монданд. Мақомот гуфтанд, ки ин ҳодиса субҳи барвақти 29 апрел рух додааст.