Охири ҳафтаи гузашта якбора 50 нафар мансабдор аз вазифаҳояшон дар Вазорати молияи Ӯзбекистон озод карда шуданд.
Бино ба иттилои нашрияи Kun.uz, аз ҷумлаи роҳбарони сатҳи болоӣ аз сардори департаменти сиёсати андозу гумрук Ирина Голишева ва департаменти методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Шарофиддин Ҳайдаров ном бурда шуда, ҳамчунин ду нафар муовинони сардорони департаментҳо низ аз мансаб сабукдӯш шудаанд.
Гуфта мешавад, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазири молияи ин кишвар Ҷашед Қӯчқоров супориш додааст, ки дар муддати 10 рӯз вазоратро аз кормандони беинсоф поккорӣ намуда, ба ҷойи онҳо «ҷавонони ватандӯст»-ро ба кор ҷалб намояд. Дар сурати иҷро нашудани ин супориш, ба худи Қӯчқоров аз кор озодшавӣ таҳдид мекард.
Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби камбуди буҷет ва дигар норасоиҳо дар фаъолият давоми соли равон, президенти Ӯзбекистон норозигӣ изҳор намуда, зикр кард, ки дар сурати ба нокомӣ дучор шудани ислоҳот, шахсан барои ба истеъфо рафтан омода аст.
«Ё ҳамаашро ислоҳ мекунам, ё меравам. Зиёда аз 20 сол аст, ки мо бо сабаби дар Вазорати молия фаъолият доштани одамони «оқилу доно» ба мардум нишондиҳандаҳои нодуруст медодем», - изҳор дошааст Шавкат Мирзиёев.





“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Хадамоти алоқа: Акнун таҷҳизоти Starlink-ро метавон дар сомонаи ин ширкат сабтином кард
“Барқи тоҷик” ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ медиҳанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 29
“Ҳеҷ як парванда боз нашудааст”. Тоҷикистон касеро барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина муҷозот накардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста