Бино бар созиши ҳосилшуда миёни мақомоти масъули Қазоқистону Ӯзбекистон, давоми соли 2019 аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон бештар аз 1 млрд кВ/соат барқ интиқол дода хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати энергетикаи Қазоқистон, интиқоли барқ шурӯъ шуда ва аз охири моҳи июн то 17 июл ба Ӯзбекистон 145 млн кВ/соат барқ ворид шудааст.

Гуфта мешавад, бар асоси шартнома, дар сурати сар задани ҳолатҳои пешбининашуда, Қазоқистон ҳақ дорад, интиқоли барқро ба Ӯзбекистон маҳдуд ё қатъ кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки талаботи Ӯзбекистон ба барқ 69 млрд киловатт/соатро ташкил медиҳад. Ин кишвар тавоноии истеҳсоли 64 миллиард киловатт/соат барқро дорад.

Ба таҳлили коршиносон, то соли 2030 талаботи Ӯзбекистон ба нерӯи барқ ба 117 млрд киловатт/соат мерасад. Мақомоти Ӯзбекистон тасмим доранд, бо сохтани нерӯгоҳи атомӣ мушкили норасоии барқро ҳал кунанд.