Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми март бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимнан масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарори гирифтанд.
Сарони ду кишвар ба паҳншавии бесобиқаи коронавируси нав ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳороти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
Ба ин манзур зарурати идомаи ҳамкориҳои зич дар ҳалли масъалаҳои пешгирии паҳншавии фаромарзии ин бемории сироятӣ ва аҳаммияти ҳамоҳангии бештари талошҳои муштарак дар минтақа ба хотири роҳ надодан ба таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, инчунин тақвият бахшидан ба ҳамдастиву дасгирии дохилиминтақавӣ таъкид гардид.
Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар ин ҷода роҳандозӣ кардани иқдомҳои муштарак бо ҳамаи кишварҳои минтақа иброз дошт.
Дар рафти суҳбат президентҳо ҳамчунин ҷанбаҳои мухталифи маъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Зимнан зарурати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ махсус таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, аз 24-уми март бо сабаби эълон гардидани ҳамагирии коронавирус COVID-19 ва вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ба эътидол омадани вазъият баста шуданд. То 29-уми март дар Қирғизистон 84 гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста