Ӯзбекистон парвозҳои ҳавоии худро бо баъзе кишварҳо барои як моҳи дигар тамдид кард. Дар ин миён кишварҳои Бритониё, Итолиё, Дания, Утриш, Австралия, Нидерландия ва Африқои Ҷанубӣ ҳастанд, ки то 1-уми феврали соли равон манъи парвозҳои бо онҳо тамдид карда шудааст.
Ҳарчанд дар миёни кишварҳое, ки манъи парвозҳо бо онҳо то як моҳи дигар тамдид шудааст Тоҷикистон нест, вале парвозҳо миёни Ӯзбеистону Тоҷикистон баъд аз баста шудани марзҳо бар асари коронавирус то кунун аз сар гирифта нашудаанд. Дар ин миён танҳо як парвози чартерӣ анҷом шудаасту халос.
Мақомҳои ӯзбекистонӣ гуфтаанд, ки ин тасмимро комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди коронавируси Узбекистон бо назардошти вазъи эпидемиологии кишварҳои мазкур қабул кардааст. Мақомоти Узбекистон пештар, дар пайи ошкор шудани намуди нави коронавирус дар Бритониё, парвозҳо ба чандин кишвар, аз ҷумла баъзе аз кишварҳои аврупоиро то 10-уми январ манъ карда буданд.
Тибқи қарори комиссия, вуруди шаҳрвандони кишварҳои мазкур ё шахсони бешаҳрвандие, ки дар онҳо доимӣ ба сар мебаранд, ҳамчунин шаҳрвандони кишвари севум, ки давоми 14 рӯзи ахир аз он давлатҳо боздид кардаанд, ба Узбекистон манъ аст. Шаҳрвандони Узбекистон, ки давоми 14 рӯзи ахир дар Бритониё, Итолиё, Дания, Австрия, Австралия, Нидерландия ва Африқои Ҷанубӣ буданд, ҳангоми баргашт ба ватан 14 рӯз карантин хоҳанд шуд.
Бино ба умедвориҳои мақомоти Тоҷикистон интизор меравад, ки парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар охири январ аз сар гирифта мешаванд. Ин нуктаро раиси Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ҳафати гузашта ба "Азия-Плюс" гуфта буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста