Дар Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2023 дар тамоми ниҳодҳои ин кишвар таҷрибаи истифода аз алифбои ӯзбекӣ бо хатти лотинӣ дар коргузорӣ ва асноди дигар ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои ОМ.
Бино ба иттилои Вазорати адлияи ин кишвар, дар ин замина қарори ҳукумат содир шудааст. Ба ҷуз ин, "харитаи роҳ"-и гузариши тадриҷӣ ба алифбои ӯзбекии лотинӣ сохта шудааст.
Дар санад коркарди асноди меъриву ҳуқуқӣ дар барои комилан гузаштан ба ин алифбо пешбинӣ мешавад, ҳамчунин дар бораи таъйиди имлои нави забони ӯзбекӣ низ гуфта мешавад.
Мувофиқи ин қарор, лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи тасдиқи "Қоидаҳои имлои забони ӯзбекӣ" бар асоси таҳрири нави алифбои ӯзбекии лотиниасос таҳия мешавад.
Дар "харитаи роҳ" ҳамчунин ба комилан тарҷума ва такмил кардани торнамоҳои расмӣ, санадҳое, ки шахсиятро муайян мекунад, ID-кортҳо, асноди корӣ ва намунаҳои гуногун, номи маконҳо, кӯчаҳо, созмонҳо, овезаҳо, воситаҳои ахбор, реклама ва эълонҳо ишора мешавад.
Ба ҷуз ин, ҳамаи расонаҳои марказӣ ва маҳаллӣ, сайтҳо, нашриёт ва чопхонаҳо бояд комилан ба лотинӣ бигзаранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста