Вазорати мудофиаи Қазоқистон ду лоиҳаи қарореро дар пойгоҳи “Открытые НПА” гузоштааст, ки бар асоси ин санадҳо Қазоқистон таҷҳизоти низомии изофии худро ба Қирғизистону Тоҷикистон медиҳад. Миқдори муҳиммоти ҷангие, ки Қазоқистон ба Қирғизистон медиҳад, нисбат ба Тоҷикистон зиёдтар гуфта мешавад
Дар тарҳе, ки гуфта мешавад ба Тоҷикистон ёриҳои фанниву низомӣ карда мешавад, омадааст, ки Қазоқистон ба ин кишвар 3 млн 240 дона тири ПС 5,45 миллиметра, 20 ҳазору 76 дона тирҳои 23 миллиметра ва 10 ҳазор дона тирҳои миномиёти 82 миллиметра интиқол медиҳад.
Ҷониби Қазоқистон далели дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани ин ҳама муҳиммоти ҷангиро ба он рабт додааст, ки онҳо зиёдатианд.
Тибқи созишнома Қазоқистон ба Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон муҳиммоти бештари низомӣ медиҳад:
6 миллион дона тири қутраш 5.45 мм;
1000 дона мушаки 122 мм дорои кулоҳаки тика-тикашавандаи бо инфиҷори боло;
2000 донаи кортриҷи сигнали заминии дуди норинҷидор;
1000 дона кортриҷи сигнали оташи зарди 26 мм;
4 донаи пости раҳгири шунавоии «Восток-СП»;
шаш дона RPU "Галактика";
як донаи калиди мавҷгири "Калина 12x80";
Қазоқистон ин гуна ёриҳои низомиву фанниро ба Тоҷикистону Қирғизистон дар гузашта ҳам кардааст ва гуфтааст, ки ин ёриҳо бо ҳадафҳои мусолиматомез ироа мешаванд.
Аммо расонаӣ шудани ин ҳадафи Қазоқистон дар пасманзари даргириҳои мусаллаҳони 29-уми апрели миёни Тоҷикистону Қирғизистон, сару садоҳоеро дар расонаҳо барангехтааст. Вале дар ин пойгоҳ дида мешавад, ки лоиҳаҳои қарори ироаи муҳиммоти низомӣ дар авоили моҳи феврали соли 2021, замоне, ки ҳоло даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирзистон ҳанӯз рух надода буданд, гузошта шудааст.
Лоиҳаи тақдими муҳиммоти ҷангӣ ба Тоҷикистонро ҳукумати Қазоқистон рӯзи 3 июн ба парлумон пешниҳод кардааст.
Дар ҳар ду созишнома қайд шудааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳуқуқ надоранд, ки лавозимоти ҷангиро ба тарафи сеюм тақдим кунанд ва ё фурӯшанд.
Сомонаи “Liter.kz” бо такя ба Вазорати мудофиаи Қазоқистон гуфтааст, ки ҳоло ҳамоҳангсозиҳои мақомоти манфиатдори давлатии Қазоқистон ва кишварҳои дарёфткунанда ҳанӯз давом дорад. Агар ҳама чиз хуб шавад, лоиҳа дар давоми соли 2021 амалӣ хоҳад шуд,-гуфтааст манбаъ.




“Бебокиаш сабаб шуд, ки...”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе
Мусодираи 58 кг маводи мухаддир аз ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Хадамоти алоқа: Акнун таҷҳизоти Starlink-ро метавон дар сомонаи ин ширкат сабтином кард
“Барқи тоҷик” ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ медиҳанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 29
“Ҳеҷ як парванда боз нашудааст”. Тоҷикистон касеро барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина муҷозот накардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста