Ӯзбекистон ба “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) 1 ҳазору 300 тонна кӯмаки башардӯстона равон кардааст ва кӯмакҳо имрӯз, 14 сентябр дар шаҳри Мазори Шариф ба масъулини “Толибон” супорида шудааст. Дар ин бора, муовини комисияи фарҳангии Толибон Аҳмадуллоҳ Васиқ хабар додааст.
Хабари кӯмаки башардӯстонаро расонаҳои Ӯзбекистон низ бо такя ба сомонаҳои Афғонистон ва масъулини Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нашр кардаанд. Аз ҷумла, сомонаи “podrobno.uz” менависад, ки имрӯз, 14 сентябр Ӯзбекистон ба ҷунбиши “Толибон” кумаки башардӯстона супурд.

Сомонаи “Спутник Ӯзбекистон” ҳам хабари кӯмаки башардӯстонаро ба “Толибон” аз номи сухангӯи вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов тасдиқ намуда, навиштааст, ки кӯмакҳои башардӯстона аз ғизо, дору ва либос иборат мебошад, ки ба камбизоатон тақсим карда мешавад.
Манбаъ менависад, ки кӯмакҳои башардӯстона аз Ӯзбакистон тавассути роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф интиқол дода шуда, онро намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев ба масъулони ҳукумати муваққатии ин кишвар супурдааст.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон аз камтарин кишварҳо аст, ки аз таъсиси ҳукумати муваққатии "Толибон" истиқбол намуд.
- Умед дорем, ин тасмим боиси ба даст овардани ризоияти васеи миллӣ, истиқрори сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад шуд,- омадааст дар баёнияи расмии ВКХ-и Узбакистон аз 8-уми сентябри соли 2021.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд
“Турдиев бояд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст
КДАМ аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дод
Муҳлати шиносоии чеҳраи нафақагирон ба охир расид. Вале то ҳол бақайдгирии онҳо идома дорад
Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд
Боздошти як зан бо гумони фурӯхтани кӯдаки 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 10
Дар пайи фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол баста аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста