Ӯзбекистон ва Туркманистон ба содироти сӯзишворӣ ва газ ба Афғонистон оғоз карданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Ariana News бо истинод ба маълумоти Палатаи савдо ва сармоягузории вилояти Балхи Афғонистон.
Тавре хабаргузории “Фергана” менависад, интиқол аз Туркманистон тариқи гузаргоҳи марзии “Акина”, воқеъ дар вилояти Форёби Афғонистон ва Ӯзбекистон - тариқ гузаргоҳи “Хайратон” вақеъ дар вилояти Балх анҷом дода мешавад.
Ба иттилои шабака, азсаргирии содирот дар пасманзари шикоятҳои соҳибони мошинҳо ва сокинони Балх дар робита ба болоравии нархи сӯзишворӣ ва газ сурат мегирад.
Як ронандаи таксӣ аз ин вилоят ба хабарнигорон гуфтааст, ки тайи чанд ҳафтаи охир бинобар гарон будани нарх фоида ба даст наовардааст.
Соҳибони мошинҳо ҳукумати нави Афғонистон - Толибонро ба назорати вазъият ва маҷбур кардани таъминкунандагон ба поин бурдани нархҳо даъват намуданд.
Сокинони Балхи ҳамсарҳад бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон гуфтаанд, барои 1 литр бензин 61 афғонӣ ва 1 литр гази моеъ 70 афғонӣ пардохт мекунанд. Айни замон 1 доллар дар ин кишвар ба ҳисоби миёна бо 82 афғонӣ иваз мешавад.
Палатаи савдо ва сармоягузории Балх изҳор доштааст, ки маҳдудиятҳо дар гардиши доллари ИМА боиси якбора боло рафтани нархҳо гардидааст. Зикр мешавад, ки маҳдудиятҳои содироти доллари ИМА аз Афғонистонро худи Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Кобул дар миёнаҳои моҳи август ҷорӣ карда буданд.
Қобили зикр аст, ки 70% сӯзишворӣ ва гази дар Афғонистон истеъмолшаванда тавассути се гузаргоҳи шимолӣ ворид карда мешавад, аммо дар тӯли якчанд ҳафта воридот ба сабаби ҷангҳо дар шимоли кишвар қатъ ва ҳангоме ки вазъ ба эътидол омад, таъминот бо сабаби мавҷуд набудани асъори хориҷӣ барои ҳисоббаробаркунӣ барқарор карда нашуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.