Ӯзбекистон ба шаҳрвандони кишвараш иҷоза дод, ки метавонанд аз биржаҳо криптовалюта ё рамзарзро бихаранд. Вале тиҷорати озодона бо рамзарзҳо танҳо бо сӯм ва аз сӯйи шаҳрвандони Ӯзбекистон иҷозат ҳасту халос. Дар ин бора nuz.uz хабар медиҳад.
Бар асоси тағйироте, ки Ӯзбекистон барои муоимлот ва тиҷорат бо рамзарз ворид кардааст, акнун ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар иҷоза доранд, ки бо рамзарзҳо ҳамаи амалётҳоро бо арзи миллӣ анҷом диҳанд. Аммо онҳо ҳақ доранд ба онҳое, ки шаҳрванди ин кишвар нестанд рамзарзҳоро бо арзи хориҷӣ бифурӯшанд.
Ба ҷуз ин, ҳамчунин мушаххасоти токен (рамзарз) ва амалётҳои марбут ба он, бо шумули нашр, ҷогузорӣ ва сабти номи он мушаххас шудааст. Гуфта шудааст, ки токенҳоро танҳо субъектҳои тиҷоратие, ки сабти номи пешбинишударо барои ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ гузаштаанд, метавонанд интишор диҳанд.
Ҳамаи рамзарзҳое, ки дар криптобиржаҳои Ӯзбекистон фурӯхта мешаванд, бояд дорои пуштивонаи дороӣ бошанд. Интишору ҷогузории токенҳое, ки пуштивонаи дороияшон таъмин нашудааст, манъ аст.
Биржаҳои рамзарзҳо муваззафанд, ки ташкилотҳоеро, ки токенҳояшонро онҷо мегузоранд тафтиш кунанд ва пуштивонаи дороиҳои онро бисанҷанд. Ҳамчунин бояд на камтар аз 10% маблағе, ки барои ҷалб ба нақша гирифта шудааст бояд ба суратҳисоби махсуси биржаҳои рамзарзҳо ворез шаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста