Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз ҷараёни сохтмони мактаби тоҷикӣ дар деҳаи Истошуни (Истошон)-и ноҳияи Букаи Ӯзбекистон боздид кардааст. Сохтмони ин мактаб ба василаи ҳашар ва бо маблағгузории худи сокинони деҳа ду моҳ пештар оғоз шуда буд.
Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи “Машъал”-и ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода гуфтааст, рӯзи 12-уми феврал Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ҳокими ноҳияи Бука меҳмони мастчоҳиёни муқими деҳаи Истошон шуданд.
Ба иттилои манбаъ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ҳини шиносоӣ аз корҳои сохтмони мактаби тоҷикӣ ба мардуми ин деҳа таҳсину офарин хондааст. “Вай гуфтааст аз тариқи расонаҳо аз бунёди чунин мактаби тоҷикӣ ва он ҳам аз ҳисоби худи мардум огоҳ шуда, хостааст онро аз наздик бубинад”,-навиштааст, Фитрати Ҳикмат
Манбаъ мегӯяд, сафир ваъда кардааст, ки барои дастрас намудани китобҳои дарсии тоҷикӣ ва ҷалби соҳибкорони тоҷики муқими Ӯзбекистон дар анҷоми корҳои андова (штукатурка)-и девори бино кӯмак хоҳад кард.
Деҳаи Истошуни (Истошон)-и ноҳияи Букаи Ӯзбекистон ҳамагӣ 30-40 километр дуртар аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҷойгир аст, ки сокинонаш мастчоҳиёни муқими Ӯзбекистон мебошанд. Дар ин деҳа беш аз ду моҳ аст, ки тоҷикон тариқи ҳашар ва бо маблағгузории худ мактаб месозанд. Барои бунёди ин мактаб наздик 3 миллион сомонӣ маблағ сарф мешавад, ки ба сари ҳар як хонаводаи деҳа тақрибан 10 ҳазор сомонӣ рост меояд. Бинокорон ҳама ройгон кор мекунанд ва касе ҳаққи хидмат намегирад.
Ин мактаб барои 350-400 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, мардум талош доранд корҳои сохтмониро то соли нави таҳсил ба анҷом расонанд.
Дар аҳди ҳукумати Ислом Каримов дар Ӯзбекистон шумораи мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шуда буд ва ҳамакнун баъди ба сари қудтар омадани Шавкат Мирзиёев теъдоди чунин мактабҳо дар ин кишвар рӯ ба зиёдшавист.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста