Дар таваллудхонаи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Сурхондарё тифли духтарчаи вазнаш 7 кило ба дунё омад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба маълумоти ҳокимияти вилоят.

“Кӯдак бо усули ҷарроҳии чоки қайсар (кесарево сечение) таваллуд шуда, вазъи саломатии модару кӯдак хуб аст”, - гуфтааст Санъат Қодиров, сардухтури иттиҳодияи тиббӣ.

Дар ҳокимият зикр кардаанд, ки ин тифли таваллудшуда вазнинтарин дар вилояти Сирдарьё буда, духтарча барои зани 24-сола фарзанди аввалин аст.

Вазни маъмулии кӯдаки навзод аз 2,5 то 4 кило буда, тифли навзоди зиёда аз 4 кило аз ҳадди меъёр зиёд аст. Дар таърихи муосир кӯдаки навзоди вазнинтарин соли 1955 дар Италия ба дунё омад, ки вазнаш 10 кило буд.

Соли 2012 дар вилояти Хэнан кӯдаки вазнаш 7 килою 30 грамм таввалуд шуд. Тобистони соли 2016 дар Аврупо якбора ду тифли вазнин таваллуд шуданд. Моҳи август дар Испания духтарчаи вазнаш 6 килову 20 грамм таваллуд шуд.

Духтарча рекордсмен шуд: то ин дам дар қаламрави кишвар тифлон бо чунин вазн бо роҳи табиӣ таваллуд нашуда буданд. Як моҳ  пештар дар шаҳри Лейпсиги Олмон кӯдаке ба дунё омад, ки вазнаш 6 килову 110 грамм ва дарозии қадаш 57,5 сантиметрро ташкил дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.